Чу тораш рӯшанаш омад ба Наврӯз,

Ба торикӣ сироҷи ақл афрӯз.

Самову коинотро ишқофар,

Раво дидаш бишудаш киштаи рӯз.

.

Чу Ҷамшедаш нишинад рӯзи Наврӯз,

Суманакро биёранд пешаш он рӯз,

Чӣ бахшояндааш поянда гардад,

Кунун нест куфтаам танҳо ба як рӯз.

.

Шабу рӯз бо ҳам ояд сони Наврӯз,

Фаровонӣ биёрад кони Наврӯз,

Ба хонаш шаш унсураш паёпай,

Бамазза хурданӣ аз нузл андӯз.

.

Зи хок чечак ба пайғом ат ба Наврӯз,

Баробарлаҳзае дидан шабурӯз,

Мулоим гашт сангаш сӯзанаш кӯфт,

Табиат бо чакан шуд оламафрӯз.

.

Чӣ хандон аст тоҷик рӯзи Наврӯз,

Раҳоям ман зи сардию бад-ин ҷуз.

Худоям гарми афкандаш зи ишқаш,

Масал аст баъд аз он чил кундаро сӯз.

Назриева О.Ш.
номзади илмҳои фалсафа

Чоп кунед