Санаи 3-юми апрели соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Рушди глобалии иқтисодиёти рақамӣ ва таъсири он ба низоми иқтисодии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадафи асосии мизи гирд муайян кардани ҳадафҳои асосии муваффақияти табдили рақамӣ, арзёбии вазъи кунунии рушди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии иттилоотӣ ва таълимии табдили рақамӣ мебошад. Дар ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Мизи гирдро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, иқтисодиёти рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии рушди иқтисод ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот табдил ёфтааст. Рақамигардонӣ яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар бахшҳои гуногун – иқтисод, маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ ва идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Тоҷикистон, ҳамчун як кишвари рӯ ба рушд, дар самти иқтисодиёти рақамӣ қадамҳои муайян гузоштааст. Эълон кардани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷумлаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт аст, ки дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳояшон зикр намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».
Зикр намудан бамаврид аст,ки рушди глобалии иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон имконияти зиёд фароҳам меорад, яъне новобаста аз ҷойи қарордошта аз тамоми иттилоот бохабар мегардем, соҳибкорон дар дилхоҳ минтақаи ҷаҳон фаъолияти тиҷоратию соҳибкорияшро ба анҷом мерасонанд. Дар шароити имрӯза яке аз омилҳои таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рақобатпазир будани он дар бозорҳои ҷаҳонӣ иқтисодиёти рақамӣ ба ҳисоб меравад. Бо татбиқи иқтисодиёти рақамӣ кишвари мо метавонад дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат аз имкониятҳои иқтисодиёти рақамӣ пурсамар истифода бурда, рушди иқтисоди худро таҳким бахшад.
Муовини якуми директори Марказ дар интиҳои суханронияш иброз намуд, ки Тоҷикистон дар ҳошияи раванди рақамигардонии ҷаҳонӣ қарор дошта, барои пешрафти ин самт талошҳои зиёде анҷом медиҳад. Бо вуҷуди баъзе мушкилот, кишвар дорои имкониятҳои зиёд барои ҳамгироӣ бо иқтисодиёти рақамии ҷаҳонӣ мебошад. Агар тадбирҳои зарурӣ амалӣ шаванд, Тоҷикистон метавонад бо суръати баландтар ба ҷаҳони рақамӣ мутобиқ шавад ва дар соҳаҳои гуногун пешрафт намояд.
Сипас сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамҷони С.Қ. дар мавзуи «Рушди технологияи рақамӣ дар раванди гузариш ба «иқтисодиёти сабз», декани факултаи иқтисодиёти соҳа ва идораи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ А.Н. Ашурзода дар мавзуи «Нишондиҳандаҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ дар заминаи ҷаҳонишавии иқтисодӣ рақамӣ», сармутахассиси Раёсати рушди иқтисоди рақамии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Қосимзода дар мавзуи «Тоҷикистон дар ҳошияи раванди рақамигардонии ҷаҳонӣ», муовини сардори Раёсати танзими савдои электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Раҷабзода дар мавзуи «Рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар», мудири Шуъбаи рушди шуғли сабз ва маърифати экологии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ М.Т. Азимова дар мавзуи «Векторҳои рушди табодули рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сармутахассиси Департаменти низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Ф.М. Абдуғаниев дар мавзуи «Рақамикунонии пардохтҳо: тамоюлҳо ва нақшаҳои минбаъда» суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои иқтисодиёти рақамӣ омили рушди иқтисодиёти миллӣ дар кишвар, иқтисодиёти рақамӣ: тамоюлҳо ва дурнамои рушд,рушди иқтисодиёти рақамӣ омили муҳими таъмини амнияти иқтисодӣ, нақши иқтисоди рақамӣ дар таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти рақамӣ андешаҳои судманд иброз намуданд.
Баъдан доктори илмҳои иқтисодӣ,академик, директори Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКТ Пиризода Ҷамил Сафар ва муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,номзади илмҳои иқтисодӣ Саодат Ҷурахонзода ба музокира баромада, доир ба мавзуи мизи гирд фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Ҳамоиш дар фазои якдигарфаҳмӣ ва самимият баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон