Рӯзи 4-уми апрели соли 2025 ҷаласаи Шурои илмӣ – методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи муштараки мазкур чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- Ҳисоботи корҳои илмию тадқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025.
- Масъалаҳои ҷорӣ.
Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: «Стратегияи миллии рушд барои давраи то солҳои 2030 ҳамчун механизми асосии таъмини амнияти иҷтимоӣ», сардори Раёсати омўзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ, номзади илмҳои таърих Шарифзода С.С. дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: «Ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳимми амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа дар шароити дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ», сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Саидаҳтам Талбаков дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: «Омилҳои фарҳангии технологияи сиёсии нигоҳ доштани амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: «Дурнамои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ», сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: «Таҷрибаи даҳсолаи татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи пешниҳодҳо барои такмили он», сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Амин Одиназода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: «Самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Ҷурахон Бобоев дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: «Роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳои иқтисодӣ дар раванди ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Валиҷон Олимзода дар бораи фаъолияти семоҳа гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабарҳои баргузории онҳо дар сомонаи Марказ саривақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, қайд гардид, ки кормандони Марказ дар давоми се моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.
Аъзои Шурои илмию методии Марказ пиромуни фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар се моҳи соли 2025 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Хайриддин Усмонзода дар навбати худ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегӣ ва корҳои ба сомонрасонидаи раёсатҳо дар семоҳаи аввали соли 2025 изҳори қаноатмандӣ намуда, дар суханронии худ дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро низ таъкид намуданд. Ҳамзамон, барои пешрафти паҳлуҳои дигари фаъолияти Шуроҳои илмӣ ва методии Марказ дар оянда, тавсияҳои муфид аз ҷониби роҳбар ироа карда шуд.
Ҷаласаи Шурои илмӣ – методии Марказ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон